ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Оташ гирифтани коҳдон боиси марги се ноболиғ дар ноҳияи Восеъ гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ санаи 31-уми октябри соли 2016, соати 16:20-дақиқа, дар масоҳати 6 метри мураббаъ коҳдони сокини деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ, Қурбонов Маҳмадали, соли таваллудаш 1982, сӯхтор ба вуқӯъ пайваст.
"Дар натиҷаи аланга гирифтани коҳдон соҳибхоназан Аҳмадова Шаҳноза, соли таваллудаш 1988 ва се кӯдаки ноболиғ ҷароҳатҳои сӯзиши бадан гирифта, дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ карда шуданд",-омадааст дар хабарнома.
Дар беморхона се кӯдаки ноболиғ ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои ВАО-и маҳаллӣ сӯхтор бо қувваи 26 нафар аҳолии деҳа хомӯш карда шудааст.