ДУШАНБЕ, 1 ноя - Sputnik. Рӯзҳои истироҳат духтари миллиардери тоҷик Илҳом Шокиров дар Маскав туйи духтари худро барпо намуд. Тӯй дар тарабхонаи Radisson Royal "Конгресс-парк" бо ҳузури 900 нафар меҳмонон баргузор шуд.
Иван Ургант, Наталя Ионова ва Алла Михеева дар тӯй ба ҳайси баранда ширкат карданд.
Овозаи тӯйи бодабдаба, ҳатто сокинони шаҳри Маскавро дар ҳайрат гузошт: Мадина бо либоси арӯсии арзишаш 40 миллион рубли русӣ ба назди меҳмонон ҳозир шуд.
Либоси арӯсии Haute Couture барои Мадина аз ҷониби тарроҳони бритониёӣ Ralph & Russo омода карда шудааст. Куртаи арӯсӣ аз якчанд қабат иборат буда, онро сангҳои гуногуншакли Swarovski оро медиҳанд.
Дар назди меҳмонон сарояндагони рус аз қабили Филипп Киркоров, Стас Михайлов, Леонид Агутин ва Сосо Павлиашвили баромад карданд.
Таҳти суруди "Небо над землей"-и Тимур Темиров навхонадорон ба рақс даромаданд.
Ҳамчунин ширинии тӯй (торт) низ меҳмононро шокӣ кард. Ширинӣ а ҷониби Ренат Агзамов омода шуда, баландии он баробарии қади ду нафар мебошад. Меҳмононро бо хӯрокҳои Осиёи Миёнагӣ меҳмондорӣ карданд.
Мувофиқи ҳисоботи пешакӣ дар тӯйи Мадина ва Сардор камаш 30 миллион рубли русӣ сарф шудааст.
Илҳом Шокиров соҳиби гаронтарин меҳмонхонаи шаҳри Тошканд "Гранд" буда, ҳамчунин соҳиби 65%-и даромади маркази савдо ва истироҳатии "Демир" дар Узбакистон мебошад. Ҳамчунин ӯ соҳиби якчанд меҳмонхонаҳо дар вилоятҳои назди Маскав аст.
Тӯйҳои бодабдабаи соли 2016
Тӯйи оилаи Шокировҳо дар ҳақиқат ҳам ба рӯйхати гаронтарин чорабиниҳои соли 2016 дар Русия дохил шуд.
Тӯйи Мадина дар баробари тӯйи писари Александр Чигиринский (соҳиби ширкати "Снегири девелопмент") ва духтари соҳибкор Вахтанг Пхакадзе қарор гирифтааст.
Мувофиқи хабарҳои пешакӣ волидони навхонадорн барои гузароонидани тӯй тақрибан 76 миллион рубли русӣ харҷ кардаанд.
Тӯйи Павел Калтурин ва духтари президенти ширкати "Система" бо хароҷоти зиёда аз 60 миллион рубли русӣ гузаронида шуд.
Сарфи беҳуда ё роҳи ҳифзи пул
Ба гуфти тарроҳи рус Денис Симачев, имрӯзҳо чунин миқдори маблағ на тарроҳон ва на муштариёнро дар ҳайрат намегузорад. Либоси гарон дар замони муосир як роҳи сармоягузорӣ аст.
"Бӯҳрон нақши худро бозид. Одамон кӯшиш мекунанд, ки пулҳои худро дар ҷое маблағгузорӣ кунанд. Чӣ қадаре, ки гарон бошад, ҳамон қадар эҳтимоли нигоҳдории пул, ҳифзи он зиёдтар аст",-изҳор дошт дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон, Симачев.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки сол то сол нархи куртаҳои арӯсӣ қиммат шуда истодааст: агар соли 2001 либоси Ҷенифер Лопес (арзишаш 50 ҳазор доллари амрикоӣ) ҷаҳониёнро шокӣ карда бошад, имрӯзҳо мардум либоси арзишаш 500 ҳазор доллари амрикоиро бо оромӣ қабул мекунанд.
Дар баробари ин либоси қиммат ба соҳиби он имкон медиҳад то ба ВАО-и гуногун роҳ ёбад. "Мавриди таваҷҷӯҳи ВАО шудан, имрӯзҳо кори ноанқадар осон аст, барои ҳамин ҳам одамон барои ҷалби таваҷҷӯҳ ҳама гуна имкониятҳоро истифода мебаранд",-қайд кард тарроҳ.