ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik.Дар Филиппин давраи ниҳоии озмуни "Зебосанами ҷаҳон- 2016" ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа бонуи аз ҳама зеботарини олам зани 23-солаи Эквадор Кэтрин Эспин эътироф гардид, хабар мендиҳад Sputnik Армения бо истинод ба gazeta.ru.
Ба зебосанам ҷоизаи ғолиб- тоҷи зебосанамро дар толори Mall of Asia дар шаҳри Пасай собиқ ғолиби озмун Ангела Онг супорид.
Зебосанами ҷаҳон 23 сол дорад ва ӯ ҳамчун модел ва косметолог кор мекунад. Кэтринро мушкилиҳои муҳити атроф нигарон кардааст.
Зебосанам иброз намудааст, ки ба мақсаби ҷалби ҳамватанони ҷавони хеш дар ин масъала, дар озмун иштирок намудааст.
Ба чоргонаи беҳтарини озмун духтарон аз Колумбия, Венесуэлла ва Бразилия низ дохил гардиданд.
Озмуни "Зебосанами ҷаҳон"- яке аз машҳуртарин озмунҳои зебогӣ мебошад, ки ҳамасола бо сарпарастии СММ дар Филиппин баргузор мешавад. Мақсади асосии озмун — ҷалб намудани сокинони сайёра ба мушкилиҳои глобалӣ ва ҳифзи муҳити атроф мебошад.