ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Намоишномаи театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов дар ҷашнвораи байналмилалии "Қазоқистон-дили АвруОсиё" соҳиби ҷоиза шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.
"Суҳроб Ҷанҷолов, ҳунарманди театри ҷавонони шаҳри Душанбе мегӯяд, Абдумумин Шарифӣ ҷоизаи "Беҳтарин нақши мардона" ва Моҳпайкар Ёрова ҷоизаи "Беҳтарин нақши занона"-и ин ҷашнвораро ба худ ихтисос доданд"-омадааст дар иттилоия.
Ҷашнвораи байналмилалӣ "Қазоқистон-дили АвруОсиё" 24 октябр ба кор оғоз кард.
"Шабе дур аз Ватан" аз сӯи Нозим Меликов, ҳунарманд ва коргардони театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бар ашъори шоир Бозор Собир ба саҳна гузошта шудааст. Ба ин намоишнома худи Бозор Собир ҳам баҳои баланд додааст. Дар ин намоишнома Абдумумин Шарифӣ нақши асосӣ — муҳоҷир ва Моҳпайкар нақши рӯъёро мебозанд.
"Шабе дур аз Ватан" аз ин пеш дар чанд ҷашнвораи байналмилалии театрӣ, бо шумули Русия, Молдов, Қазоқистон ва Қирғизистон намоиш дода ва бо диплому ифтихорномаҳо қадр гардидааст.