Муҷассамаи зардолу ё гиромидошти манбаи даромад дар Исфара

© Фото : Радио ИсфараМувассамаи зардолу дар Исфара
Мувассамаи зардолу дар Исфара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидхон Муҳаммадиев, муҷассамасози маҳаллӣ, чанде пеш дар шаҳри Исфара муҷасамаи тоза барафрохт. Ин дафъа ҳунарманд на ба хотири ягон шахс, балки ба хотири мева зодаи ҳунари хешро ба сокинони шаҳр пешниҳод намуд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.Зардолу меваест, ки қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон пухта мерасад. Аммо ин намуди меваро дар бархе аз минтақаҳои кишвар ба таври хос ғуну гир мекунанд ва манбаи асосии даромади худ қарор додаанд.

Чанде пеш дар шаҳри Исфара Саидхон Муҳаммадиев ном ҳунарманд муҷассамаи зардорлуро дар маркази шаҳри Исфара бунёд намуд, хабар медиҳад сомонаи "Радиои Исфара".

Баландии мучассамаи зардолу 5 метру 70 сантиметр буда, васеъгии он 4 метр мебошад. Саидхон Муҳаммадиев, ҳунарманди чирадаст,  пештар дар кишварҳои Русияву Аморати муттаҳидаи Араб  машғули ҳунари хеш мегашт, акнун ба хотири гиромидошти зардолу, ки манбаи даромади асосии аҳолии шаҳр ба ҳисоб меравад, тайи 1 моҳ "зардолу"-ро сохта, ба ҳамшаҳриёнаш пешкаш намудааст.

Бояд хотиррасон намуд, ки ҳамасола аз вилояти Суғд, махсусан шаҳрҳои Исфара, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров ҳазорҳо тоннаи ин намуди маҳсулот ба кишварҳои хориҷ содир карда мешавад, ки харидори асосии он Русия ба ҳисоб меравад.

Лентаи хабарҳо
0