Мунтахаби занони футболбози Тоҷикистон аз ҳарифони ӯзбек мағлуб шуданд

© Фото : Официальный сайт Федерации футбола ТаджикистанаБозии футбол байни ҷавондухтарони тоҷик ва ӯзбек
Бозии футбол байни ҷавондухтарони тоҷик ва ӯзбек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавондухтарони футболбози тоҷик дар давраи интихобии чемпионати Осиё аз ҳарифони хеш варзишгарони Ӯзбакистон мағлуб гардиданд, дар пеш онҳоро бозӣ бо Тайбэя интизор аст

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.Дар Душанбе,  дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ давраи интихобии чемпионати Осиё-2017 дар байни ҷавондухтарони то 19- сола оғоз гардид, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мунтахаби ҷавонони тоҷик дар Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Ғолибияти секарата: футболбозони тоҷик қирғизонро мағлуб карданд

"Дар бозии давраи интихобӣ футболбозони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Ӯзбакистон ба бозӣ баромаданд, ки он бо ҳисоби 0:3 ба итмом расид",- омадааст дар хабар.

Дар дигар бозиии ин давра бошад,  варзишгардухтарон аз Тайбэяи Чин ба дастаи Гонконг бар ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд.

Дар бозии давраи дуввум футболбозони Ӯзбакистон ва Гонконг дар майдон бо ҳам во мехӯранд, пас аз он дастаҳи Тоҷикистон ва Тайбэяи Чин рақобат мекунанд.

Ба финал дастае роҳ меёбад, ки дар ин бозӣ ҷойи аввалро ба даст орад.

Бояд хотиррасон намуд, ки чемпионти Осиё-2017 соли ояда дар Чин баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0