Ронандагони тоҷик дар Октоғ дармондаанд, вале ёрии наҷотдиҳандагонро рад мекунанд

© Sputnik / Максим БлиновМошини боркаш. Акс аз бойгонӣ
Мошини боркаш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронандагони тоҷик розӣ нестанд, ки борро аз мошини боркаш, ки аз роҳ баромада дар мондааст, холӣ кунанд. Онҳо ҳамчунин пешниҳоди ғизои гарм ва ҷои хобро рад кардаанд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Гурӯҳи ронандагони тоҷик бо мошини боркашашон  дар ағбаи "Октоғ"-и Қирғизистон дармонданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба МЧС-и ҷумҳурӣ.

Ронандагони мошинҳои боркаш, ки аз шаҳри  Бишкек ба Ош ҳаракат мекарданд, қариб як ҳафта дар вилояти Талас дармондаанд.

"Онҳо аз Русия бор мебаранд. Зимни ҳаракат дар ағбаи "Октоғ" мошини онҳо аз масири роҳ баромада дар мондааст. Кушиши секаратаи наҷотдиҳандагони ДЭП-36 аз сабаби вазнин будани бори мошин бо нокомӣ анҷом ёфт",-мегӯянд намояндагони МЧС.

Барои кумак ба ронандагон автогрейдер, мошини боркаш ва мошини барфтозакунӣ равон карда шудаанд.

Нозгул Сидиқбекова, роҳбари бахши ВҲФ дар вилояти Талас мегӯяд,  ки ӯ рӯзи 22 октябр ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, пешниҳод намудаст, ки бори  мошин холӣ карда шавад то мошини боркашро наҷот диҳанд.

"Вале ронандагон қатъиян пешниҳоди холӣ кардани бори мошинро бо далели канда шудани мӯҳри борҳо рад карданд. Дар баробари ин онҳо намехоҳанд, ки ба роҳбарияти ширкаташон занг зада, иҷозаи холӣ кардани борро пурсон шаванд. Дар ҳоли ҳозир оиди равон кардани мошини боркаши ДЭП-19 барои наҷот додан гуфтушунид идома дорад, чунки ДЭП-36 дар таъмир қарор дорад",-гуфт Сидиқбекова.

Дар баробари ин ронандагони тоҷик пешниҳоди ғизои гарм ва ҷои хобро рад кардаанд. Намояндагони МЧС мегӯянд, ки барои наҷот додани мошини боркаш техникаи махсус танҳо баъди фаровардани бор равон карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0