ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар аксари манотиқи ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи барқ хомӯш шуд. Мувофиқи манобеъи Sputnik Тоҷикистон танҳо хонаҳои шаҳри Кӯлоб рӯшан ҳастанду халос.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ сабаби хомӯш шудани барқ метавонад ё расиши кӯтоҳи ноқилҳо ё садама дар нерӯгоҳи Роғун бошад.
Сухан дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Барқи обии Роғун меравад.
Аммо сабаби дуюм, дар бораи садама дар хатти барқи 500, ки аксари манотиқи кишвар аз он барқ мегирад, ба ҳақиқат наздиктар аст.
Корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии Facebook дар бораи набудани қувваи барқ менависанд, ки на дар шаҳри Душанбе, ва на дар дигар ноҳияҳои кишвар қувваи барқ нест.
Танҳо дар аксари манотиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки нерӯгоҳи барқии худро дорад, қувваи барқ хомӯш нашудааст.