ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон баъди садама аз нав қувваи барқ дода шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба навбатдори холдинги "Барқи тоҷик".
"Баъди хомӯш шудани қувваи барқ дар қисмати марказии пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе қувваи барқ дода шуд",-хабар дод навбатдор.
Ӯ қайд кард, ки қувваи барқ ба муддати 2,5 соат бо сабаби садама дар хаттҳои барқ хомӯш шуда буд. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 50%-и минтақаи шаҳри Душанбе аз нерӯи барқ бархурдор аст, гуфт навбатдори холдинги "Барқи тоҷик".
Мувофиқи маълумоти пешакӣ садама дар Нерӯгоҳи Норак, ки дар масофаи 100 км дуртар аз шаҳри Душганбе воқеъ аст, ба вуқӯъ пайвастааст.