Мария Левитская: барқ нест, вале осмон пур аз ситора аст

© Sputnik / Амир ИсаевМария Левитская. Акс аз бойгонӣ
Мария Левитская. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон бе қувваи барқ монд. Вале шаҳрвандони кишвар хушбиниро аз даст намедиҳанд. Бархе тавсия медиҳанд, то “заряд”-и телефонро захира карда хоб кунанд, қисми дигар бошад мегӯянд, аз ин лаҳза бояд истифода кард

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Балерина Мария Левитская педагоги театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар саҳифаи худ дар Facebook навиштааст, ки набояд аз набудани қувваи барқ ғамгин шуд.

"Дар ягон ҷо барқ нест…Вале мӯъҷиза дар ҳамин лаҳза нуҳуфтааст, зеро осмон пур аз ситора аст. Ин афсонавист!!!",-навиштааст ӯ.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл маълум шуд, ки қариб 90%-и қаламрави Тоҷикистон бе қувваи барқ мондааст. Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон сабаби он садама дар нерӯгоҳи Норак мебошад.

Лентаи хабарҳо
0