Дар натиҷаи муноқишаи талабагон дар Душанбе, як нафар захмӣ гашт

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузариш ба медиабонкМуноқиша. Акс аз бойгонӣ
Муноқиша. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷанҷоли байни талабагон як нафар ноболиғ бо истифодаи корд талабаи дигарро захмӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки санаи 27-уми октябр дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе 4 нафар хонандагони синфи 11-уми мактаб,  дар дохили мактаб бо ҳам муноқиша намуданд.

Номбурдагон тақрибан соати 10:30 ба ҳамдигар дарафтода, дар натиҷа яке аз онҳо, бо истифодаи корд  хонандаи дигарро захмӣ кардааст.

"Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидааст",- менависад манбаъ.

Кормандони милитсия ба ҷойи ҳодиса  расида омада, чор нафар ноболиғро бо гумони авбошӣ дастгир намуданд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома дорад, менависад хадамоти матбуоти ВКД ҶТ.

Лентаи хабарҳо
0