ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Обу ҳавои номусоид ва барфи аввал боиси аз ҳаракат бозмондани ду поезди суръатбаланди хатсайри Маскав-Петербург гардид, хабар дода мешавад дар сомонаи роҳи оҳани ФР.
Шаби 27-уми октябр яке аз поездҳо бо сабабҳои техникӣ дар вилояти Новгород, дар истгоҳи Мстинский Мост аз ҳаракат монд.
"Ба истгоҳ, локомотиви иловагӣ ва навъи поезди суръатбаланди "Сапсан" равон карда шуд. Поезд тақрибан 2,5-3 соат боздошта шуд. Барои интиқоли мусофирон (тақрибан 500 нафар) 3 автобус равон карда шуданд",-омадааст дар иттилоия.
Пас аз ин ҳодиса ба роҳи оҳани Октябрский боз як поезди дигар аз вақти муқарраршуда 30 дақиқа дертар ҳозир шуд.
Қайд мегардад, ки сабаби боздошти ҳаракати поездҳо, барф будааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки "мутахассисони роҳи оҳани "Октябрский" барои бартараф намудани оқибатҳои ҳодиса ва барқарор кардани ҳаракати мунтазами поездҳо амалиёти вижа мегузаронанд".