Ман Стас Михайловро меписандам, зеро ба тоҷикон монанд аст

© FlickrГуш кардани мусиқӣ. Акс аз бойгонӣ
Гуш кардани мусиқӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусиқӣ пайвандгари ҷону тан аст. Ҳатто ривояте мавҷуд аст, ки мувофиқи он Худои Таъоло рӯҳи инсонро тариқи навои мусиқӣ ба тан даровардааст. Мусиқӣ инсонро гоҳе шод, гоҳе ғамгин, гоҳе ба дуриҳои дур мебарад.

Мусиқӣ дар ҳар давру замон шаклу ранги дигар гирифтааст. Агар қаблан мусиқии классикӣ диққати ҳамаро ҷалб карда бошад, пас имрӯзҳо аксари ҷавонон ба хип-хоп, рэп, джаз поп ва дигар жанрҳои мусиқӣ шавқ доранд.

Шабнами Сурайё дар толори консертии Россия. Дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам

Муҳоҷирони тоҷик, ки ҳамеша дар ёди ватан ҳастанд,  ҳатто интихоби овозхони дӯстдоштаашонро ба шабоҳат доштани ҳунарманд ба ҳамватанон рабт медиҳанд. Sputnik Тоҷикистон тоҷикони муқими Русияро дар бораи овозхони дӯстдоштаашон аз байни сарояндагони рус пурсон шуд.

Айдимаҳмад Абдураҳмонов-донишҷӯи  Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Томск, ки бештар ба жанри рэп шавқ дорад ва сурудҳои Баста, Тимати, L'One, Каспийский Груз, Ёлка ' Муцураев-ро гӯш мекунад, интихоби жанри мусиқиро ба синну сол рабт медиҳад.

"Дар даврони мактабхонии мо жанри рэп нав пайдо шуда буд, муд буд.  Ва шавқу рағбати ман ба ин навъи мусиқӣ аз он давра пайдо шуд. Вале ба фикрам акнун нигоҳам оҳиста оҳиста ба ҷониби мусиқии классикӣ тағйир ёфта истодааст",-мегӯяд Айдимаҳмад.

Маърифат, ки дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекунад мегӯяд, ки дар ҳар ҳолати рӯҳӣ, хушҳолӣ ва ғамгинӣ ҳамроҳи шавҳараш гӯш кардани сурудҳои Ирина Кругро меписандад. Нисбати Алла Пугачева бошад, Маърифат изҳор дошт, ки чунин инсонҳоро эҳтиром мекунад, зеро дар роҳи пурмашаққати санъат тавонистаанд ба қуллаҳои баланд расанд.

"Мо бештар Ирина Кругро гӯш мекунем, вале Алла Пугачева, Филип Киркоров, Полина Гагарина, Олег Газманов ва Иосиф Кабзонро низ дӯст медорем",-изҳор дошт Маърифат.

Одил — ҷавонмарди тоҷик ва муқими Русия мегӯяд, ки вай жанрҳои гуногуни сурудҳоро ба монанди — рэп, шансон ва попса, вобаста ба табъи хеш ва макон гӯш мекунад.

Саши Заифӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хушию хафагиҳои Саши Заифӣ дар Маскав: ҷои тоҷикон Тоҷикистон аст

"Вера Брежневаро бисёртар гӯш мекунам, ба ман сурудҳояш маъқуланд. Рэпро бошад барои он меписандам, ки мавзӯи он аз ҳаёт гирифта шудааст ва ба маънои он аҳамият медиҳам. Ҳангоми рондани мошин бошад ба гӯш кардани шансон шавқ дорам",-гфт Одил.

Барои қисми дигар бошад асоси интихоб жанри мусиқӣ набуда, маънои суруд аст.  Шамсия, ки дар шаҳри Маскав таҳсил мекунад, мегӯяд, ки бештар ба маънои суруд диққат медиҳад. Ва гӯш кардани  сурудҳои "Винтаж"-ро меписандад.

Шиновар донишҷӯ аз шаҳри Санкт-Петербург бо Шамсия ҳамфикр аст. Барои ӯ низ асос маъно ва мусиқии хуш мебошад.

"Агар суруд мусиқии хуб ва маънои чуқур дошта бошад ба ман писанд меояд. Ман фарқ намегузорам, ки овозхон кист? Муҳимаш мусиқии дилошӯб ва маънои хуби суруд аст",-мегӯяд Шиновар.

Бархеро гӯш кардани суруд ба дуриҳои дури зиндагӣ мебарад, масалан Шаҳло муҳоҷири тоҷик, ки дар Екатеринбург кор мекунад, мегӯяд, ки сурудҳои Наталиро аз овони хурдӣ гӯш мекунад ва замони кӯдакиашро ба ёд меорад.

— "Ветер с моря дул…"- суруди овони кӯдакии ман буд, ки то ҳол ба ман писанд аст ва кӯдакиамро ба ёдам меорад. Жасминро бошад на танҳо барои овози форамаш, балки барои клипҳои пурмаънояш дӯст медорам. Тиматиро ҳангоми савори мошин шудан, гӯш мекунам",-изҳор дошт Шаҳло.

Замира, ки худаш рустабор асту дар Тоҷикистон таваллуд шуда, ҳоло дар Русия иқомат мекунад, интихоби мусиқиро ба замонавӣ будани ин ё он овозхон рабт медиҳад.Ӯ овозхонҳоеро ба монанди Бянка, Мот, Максим, Ёлка,  Александр Рибак ва Андрей Ленитский  гӯш мекунад.

"Зеро онҳо замонавӣ ва ба завқи  ман рост меоянд",- мегӯяд тоҷики рустабор.

Сурайё ва Шоира, ки дар вилояти Калуга бар сар мебаранд, сурудҳои русиро  бисёр гӯш мекунанд. Аммо дар байни ин ё он овозхон фарқ намегузоранд.

"Кадомаш, ки ба табъам писанд омад, гӯш мекунам", мегӯянд онҳо.

Хушбахт Ниёзов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Together: Тори рубоби Ниёзов Тоҷикистонро бо Амрико пайваст

Шабоҳат доштани бархе аз овозхонон ба нафаре низ, касро ба гӯш кардани суруҳояш вород месозад. Масалан Зубайда-муҳоҷири тоҷик, ки дар Маскав кору фаъолият мекунад, мегӯяд, ки Стас Михайловро меписандад, чунки ӯ ба мардуми тоҷик монанд аст.

Вале ёфт мешаванд нафароне, ки ягон сурудҳои овозхонони русро намеписанданд. Сино хатмкунандаи донишгоҳи олии Маскав мегӯяд аз овозхонони рус касе писандаш нест.

"Ягона суруд аз овозхонони рус, ки бароям писанд аст, ин Timati &Grigoriy Leps — London мебошад. Овозхонони дӯстдоштаам бошанд Муборакшо ва Нобовар Чиноров ҳастанд",-изҳор дошт Сино.

Холмаҳмад ҷавони тоҷик, ки дар шаҳри Маскав кору фаъолият мекунад, мегӯяд, ки барояш ҳам маъно ҳам жанр ва ҳам овози сарояндагон муҳим аст.

"Ман Стас Михайлов, Иосиф Кабзон, Баста, Гуф ва Григорий Лепсро бештар гӯш мекунам. Иосиф Кабзон ин классика ҳаст. Бастаро барои мавзӯъҳои рэпҳояш гӯш мекунам, ки аз ҳаёт гирифта шудаанд. Григорий Лепс-овози ғайриоддӣ дорад",-мегӯяд Холмаҳмад.

Лентаи хабарҳо
0