ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik.Дар маркази Маскав шахсони номаълум оинаҳои коргоҳи Никита Михалковро тирборон намуданад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба манбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Пештар котиби матбуоти коргардон Евгения Дорофеева ба РИА Новости хабар дод, ки ба оинаҳои "Студии Тритэ" шахсони номаълум тир парониданд. Худи Михалков ҳоло бо навор гирифтани филмҳо машғул аст ва ба вай фавран дар бораи ин ҳодиса хабар доданд.
"Ба полис яке аз шаҳрвандон хабар дод, ки дар пасткӯчаи Мало Казохинский тир парониданд. Кормандони полис ба ҷойи ҳодиса расида, маълум карданд, ки ба бинои коргоҳи "Тритэ", ки ба Никина Михалков таалуқ дорад, оташ андохтаанд",- хабар медиҳад ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, ин ҳодиса пагоҳии сешанбе ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба гуфтаи вай, шоҳиди ҳодиса гуфтааст, ки бинои мазкурро шахсони номаълум тайи ду сол аст, ки мунтазам оташфишонӣ мекунанд. Бо далели мазкур тафтишот давом дорад.
Пештар Дорофеев нақл намуда буд, ки оташфишонӣ бо фаъолияти Михалков, аз ҷумла барномаи телевизионии вай "Бесогон ТВ", марбут аст.