Эмомалӣ Раҳмонро “Асосгузори Тоҷикистони мустақил” эълон карданд

© Саҳифаи расмии маркази матбуотии президент дар Facebook Эмомалӣ Раҳмон-президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон-президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро “Асосгузори Тоҷикистони мустақил” эълон карданд. Дар назар аст, ки барои президент дар тамоми маҷлисҳо ҷои ифтихорӣ фароҳам гардад.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 26-уми октябр лоиҳаи қонуни конститутсионӣ "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат" —ро дар таҳрири нав қабул намуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Бино ба иттилои манбаъ тағйироту иловаҳо аз ҷумла ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақоми "Асосгузори Тоҷикистони мустақил"-ро медиҳад.

Инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2013 - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон қонун “Дар бораи Пешвои миллат”-ро имзо кард

Мувофиқи тағйиру иловаҳо дар Тоҷикистон, бунёди Пешвои миллат, Ордени Пешвои миллат ва Ҷоизаи Пешвои миллат такшил карда мешавад. Ҳамчуни фароҳам овардани ҷои махсус дар ҳамаи маҷлисҳои парлумонӣ ва ҳукуматӣ барои президенти Тоҷикистони дар назар аст.

Дар баробари ин аз ҷониби вакилон баррасии лоиҳаи қонуни конститутсионӣ "Дар бораи таъмини иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ҳифзи президент" дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки қонуни конститутсионии ҶТ "Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" 9 декабри соли гузашта аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва 18 декабр аз тарафи палатаи болоии парлумон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0