ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Афғонистон 30 нафар аҳолии ғайринизомӣ аз дасти ҷангиёни Давалти исломӣ ба қатл расонида шуданд, хабар медиҳад, рӯзи чоршанбе Би-би-си бо такя ба ҳукумати Афғонистон.
Бино ба иттилои шабакаи телевизионӣ ҷангиён дар манотиқи баланкӯҳ ба мардум ҳамла кардаанд. Ҳангоме, ки мардуми маҳаллӣ ба ёрии онҳо омаданд, ҷангиён онҳоро ба қатл расониданд.
Қайд мегардад, ин ҳуҷум чун ҷавоб ба нобуд кардани яке аз роҳбарони Давлати Исломӣ аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон мебошад.
Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.