ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлони шаҳрванди Тоҷикистон Аҳлиддин Машрабовро барои куштори сарбози рус Алексей Буенков гунаҳкор эълон кард, хабар медиҳанд ВАО-и маҳаллӣ.
Аҳлиддин Машрабов бо иттиҳоми куштори сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда шуд.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои Машрабов 22 соли зиндон талаб карда буд, аммо додгоҳ 24-уми октябр ӯро барои 20 сол равонаи зиндон намудааст. Маҳкумшуда бо иқрори гуноҳаш афзудааст, ки нахуст марҳум ҳамроҳи ду сарбози дигар ӯро латтукӯб кардаанд ва ӯ ҳангоми ҳамлаи ҷавобӣ яке аз онҳоро маҷруҳ кардааст.
Алексей Буенков сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон шабби 31-уми ибли соли равон аз ҷониби Машрабов дар пайи муноқиша ба ҳалокат расонида шуд.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҶТ калонтарин пойгоҳи ҳарбии ФР дар хориҷа буда, қисмҳои он дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа мустақар мебошанд. Бар пояи тавофуқоти дуҷонибаи Маскаву Душанбе, ки соли 2012 имзо шуд, он то соли 2042 дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.