ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Маркази фарҳанги "Стимул"-и Маскав овозхонони беҳтарини миллатҳои гуногунро дар консерт-озмуни "Мусиқии шарқ" ба ҳам меорад, иттилоъ медиҳад роҳбари маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав Хуршеда Ҳамроқулова дар саҳифаи Facebook-и худ.
Дар озмун сарояндагони Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Доғистон, Арманистон, Русия, Туркманистон, Узбакистон ва дигар миллатҳо иштирок мекунанд.
"Тоҷикистонро Шаҳло Каримова-овозхони тоҷик намояндагӣ мекунад. Чун имсол озмун бори аввал баргузор мегардад, танҳо як нафар Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад, вале кушиш мекунем, ки шумораи иштирокчиён дар оянда зиёдтар шавад",-гуфт Хуршеда Ҳамроқулова роҳбари маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
"Мусиқии шарқ"-озмуни байналмилаллӣ буда, дар хонаи фарҳангии "Стимул"-и шаҳри Маскав баргузор мегардад. Консерт-озмун аз ҷониби марказҳои фарҳангии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Доғистон, Узбакистон бо дастгирии ҳукумати ФР, Россотрудничества ташкил карда шудааст.
"Мақсади асосӣ аз баргузории косерт-озмун, ин тақвият бахшидани муносибатҳои дӯстона байни миллатҳои гуногун ва ташкили фазои сулҳу осоишта мебошад",-қайд кард Хуршеда Ҳамроқулова.