Дар Тоҷикистон тариқи озмун, донишҷӯи беҳтарини сол муайян карда шуд

© Саид Гуциев / Гузариш ба медиабонкДонишҷӯён ҳангоми дарс. акс аз бойгонӣ
Донишҷӯён ҳангоми дарс. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар тамоми муассисаҳои олии кишвар давраи якуми озмуни “Донишҷӯи сол- 2016” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ба давраи нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ бо мақсади дарёфти ҷавонони эҷодкор ва боистеъдод, ки донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ мебошанд,  ҳамасола озмуни "Донишҷӯёни сол " гузаронида мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти кумита.

"Имсол бошад ба муносибати ҷашни 25-солагии итиқлолияти миллии кишвар аз тарафи кумита ин озмун эълон гардид"- омадааст дар хабар.

Ҷавонони Душанбе. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мусобиқаи БОР: Ҷавонони тоҷик зери мафҳуми тараққиёт чиро мефаҳманд ?

Марбут ба ин чорабинӣ  дар тамоми муассисаҳои олии кишвар  давраи якуми  озмун шуда гузашт, ки дар он ба донишҷӯён давраи нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Санаи 20-уми октябр давраи нимниҳоии озмун оғоз шуд. Дар он 17 нафар ҷавонон иштирок намуданд, ки намояндагони тамоми минтақаҳои кишвар мебошанд.

Дар давраи ниҳоӣ, мақоми "Донишҷӯи сол- 2016" ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Мадина Дилоева сазовор дониста шуд.

Лентаи хабарҳо
0