Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ бо тими Ҷопон мағлуб гардид

Обуна шудан
Мунтахаби Тоҷикистон дар давраи нимниҳоӣ имконияти иштирок дар бозиҳои чемпионати ҷаҳонро аз даст дод

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik.Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол акнун аз бозиҳои чемпионати Осиё — 2016 берун мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

"Даста натовонист, ки дар давраи чорякфиналии чемпионати Осиё- 2016 бозиро давом диҳад, зеро ба яке аз дастаҳои фаъоли бозӣ- тими Ҷопон бар ҳисоби 0:4 мағлуб гардид ва имконияти ба даст овардани роҳхатро ба чемпионати ҷаҳон аз даст дод",- омадааст дар хабар.

Бояд қайд кард, ки тими Тоҷикистон тавонист, ки ба ҳаштгонаи дастаҳои қавитарини чепионати континенталӣ дохил шавад.

Пеш аз ин даста ба ҳарифони ӯзбекистониаш бар ҳисоби 1:2 мағлуб гардид, бо дастаи Австралия бошад бо ҳисоби баробар бозиро ба итмом расонид.

Ҳоло дастаи мунтахаби Ҷопон ба давраи нимниҳоӣ мебарояд  ва бо мунтахаби Ветнам бозӣ мекунад ва ба ин васила ба  чемпионати ҷаҳон- 2017 рохҳат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0