ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Узбакистон рӯи қонун "Дар бораи тадбирҳо оид ба ислоҳоти минбаъдаи низоми судӣ, таҳкими кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон" имзо кард, хабар медиҳад оҷонсии телеграфии Узбакистон.
"Фармон дар бораи таъин намудани судяҳо барои панҷ соли аввал ва даҳ соли оянда ва баъдан барои давраи номаҳдуд тасдиқ карда шуд",-омадааст дар иттилоия.
Қайд мегардад, ки ислоҳоти мазкур ба хотири "истиқлолияти пурраи низоми судии кишвар, таҳкими кафолати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва озодии онҳо ва баланд бардоштани дастрасӣ ба адолати судӣ" гузаронида мешавад.