Корманди ВКД-и Русия барои порагирӣ аз муҳоҷирон дастгир шуд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкТафтиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Тафтиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корманди ВКД-и Русия ва боз як зани миёнарав аз шаҳрвандони хориҷӣ барои додани изоҷатномаи зист, ғайриқонунӣ маблағи пулӣ ситонида, аз ҷониби Кумитаи тафтишоти ФР дастгир гардиданд.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Маскав корманди ВКД-и Русия ва як зани миёнарав аз ташкилоти ғайридавлатӣ, ки ба додани иҷозатномаи зист машғул буда, аз шаҳрвандони хориҷӣ бо роҳи ғайриқонунӣ маблағ мегирифтаанд, дастгир шуданд, хабар дод намояндаи расмии ВКД-и Русия Ирина Волк.

Дар рафти корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби Кумитаи тафтишоти Русия корманди идораи марказӣ оид ба муҳоҷирати ВКД-и Маскав ва ҳамчунин намояндаи ташкилоти ғайридавлатӣ барои миёнаравӣ дастгир гардиданд.

Бо ёрии вазорати меҳнат 2,5 миллион рубли музди муҳоҷирон баргардонида шуд

"Ин ду нафар барои додани ҳуҷҷатҳои зисти муваққатӣ дар ҳудуди ФР аз шаҳрвандони хориҷӣ бо таври ғайриқонунӣ маблағ мегирифтаанд. Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав аз рӯи моддаи 290-и кодекси ҷиноии ФР-"Ришваситонӣ" нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз намуд",-хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии ВКД-и Русия Ирина Волк.

Ба гуфти ӯ айни замон дар манзилҳои зист ва ҷои кори занон тафтишот бурда истодаанд. Муфаттишон дигар навъи қонунвайронкунии корманди  ВКД-и Русия ва зани миёнаравро муайян менамоянд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0