Дар Тошканд ном ва насаби оилаҳои ҷудошуда дар газета навишта мешавад

© Sputnik / Константин РодиковЗану шавҳар. Акс аз бойгонӣ
Зану шавҳар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чуноне қайд мегардад, меъёрҳои зерин бо мақсади паст кардани сатҳи талоқ дар кишвар роҳандозӣ мешаванд. Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай ин мавзӯъ мавриди баҳси корбарони фаъол қарор гирифтааст ва бархе аз онҳо бо чунин навгонӣ норозианд.

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Тошканди Узбакистон аз ин ва баъд ном ва насаби оилаҳои ҷудошуда дар рӯзномаҳои "Вечерний Ташкент" (Шоми Тошканд) ва "Тошкент окшоми" нашр карда мешаванд, хабар медиҳад Sof uz.

Зиёда аз ин насаби ин нафарон тариқи шабакаи телевиизионии "Тошкент" эълон шуда, дар аксари ҳолатҳо ҳатто аксҳои онҳо низ намоиш дода мешаванд.

Чуноне қайд мегардад, меъёрҳои зерин бо мақсади кам кардани ҳолатҳои ҷудошавӣ дар кишвар ба роҳ монда мешаванд.

Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай ин мавзӯъ мавриди баҳси корбарони фаъол қарор гирифтааст ва аксари онҳо нисбати навгонӣ изҳори норозигӣ баён кардаанд.

Бархе аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бар онанд, ки чунин меъёр барои кам кардани ҳолатҳои талоқ ёрӣ нахоҳад кард.

Нафарони дигар мегӯянд, ки чунин навгонӣ метавонад дар дили ҷавонон, ба хотири шарманда нашудан тарс ҷой кунад ва онҳо аз оила барпо кардан тамоман даст кашанд.

"Бо ҳамин роҳ машҳур мешавем…. Вақти ситора шудан расид",-менависад бо шухӣ корбари шабакаи иҷтимоӣ.

Лентаи хабарҳо
0