ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Душанбе рӯзҳои синамогарони Русия аз 23-юми октябри соли равон то 28-умии ҳамин моҳ давом мекунад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги ҶТ.
Маросими кушодашавии чорабинии фарҳангӣ санаи 23-юми октябр баргузор мешавад. Дар рӯзи аввал филми коргардони рус Елена Гликман-"Коробка" намоиш дода мешавад.
Чорабинӣ аз ҷониби вазорати фарҳанги Федератсияи Русия, "Фест-Синема" ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар доираи рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон филмҳои: "Коробка", "Инсайт", "Тэли и Толи", "No comment", "Огни большой деревни", "Врач", "Находка" пешкаши тамошобинон мегарданд. Дар рафти намоиш коргардонҳои филмҳо чун, Елена Гликман, Степан Живов, ҳунарманд Иван Дубровский, коргардон-Артем Темников, коргардон Иля Учител ва ҳунарпеша Анастасия Митражик, ҳунарпеша Любов Руденко, продюсер Юрий Сирман баромад хоҳанд кард.
Ҷашнвора рӯзи 28-октябри соли равон бо ба намоиш гузоштани филми "Парень с нашего кладбища" амҷом хоҳад ёфт.
Дар доираи рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷкистон ҳамчунин баргузории мизи мудаввар дар мавзӯъи "Синамои миллӣ, дирӯз, имрӯз, пагоҳ" бо иштироки синамогарони тоҷику рус дар назар аст.
Ҳамаи филмҳо дар хонаи Иттифоқи синамогарон як маротиба намоиш дода мешаванд. Даромад ройгон аст.