ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.Вакили маҷлиси поёнии парлумони Қазоқистон Ирина Смирнова пешниҳод кардааст, ки барои террористон маҳбусхонаи алоҳида бунёд кунанд.
"Бояд бидуни таъхир масъалаи дар Қазоқистон сохтан ва ё ташкил намудани маҳбусхонаҳоро барои зиндониёне, ки тибқи ҷиноятҳои экстемистӣ ва ё террористӣ маҳкум шудаанд дида баромад, то ин ки ин ақидаҳои радикалии худро байни дигарон, пеш аз ҳама ҷавонон паҳн накунанд",- гуфт Смирнова.
Ӯ қайд кард, ки ташкилотҳои экстремистӣ бо собиқ маҳбусон ҳамкорӣ мекунанд.
"Пас аз ба озодӣ баромадан собиқ маҳбусон имкониятҳои дарёфт намудани дастгириҳои моддӣ ва ё психологии террористонро дарёфт мекунанд", мегӯяд Смирнова.
Дар Тоҷикистон ҳамчунин мушкилии паҳн гардидани ифродгароӣ дар зиндонҳо дида мешавад.