ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, тағйирот ба қонун "Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ"-ро қабул карданд, ки бар асоси он амниятиҳо ҳақ доранд, дар ҳолатҳои истисноӣ бидуни иҷозати соҳибхона ва додгоҳ вориди хонаҳои шаҳрвандон шаванд.
"Мувофиқи тағйиру иловаҳо кормандони Кумитаи амният дар ҳолатҳои истисноӣ, дар сурати набудани вақт барои гирифтани иҷзатнома аз додгоҳ, ҳуқуқ доранд, ки ба хонае, ки дар он ҷо террористон, гаравгонон пинҳон шудаанд, дароянд",-изҳор дошт раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Саймумин Ятимов.
Ӯ қайд кард, гарчанде, ки қонунгузории Тоҷикистон дахлнопазирии манзили шаҳрвандонро пешбинӣ намояд ҳам, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон кормандони амният ҳуқуқ доранд, ки ба манзилҳо бидуни иҷозати соҳибхона ва додгоҳ дохил шаванд",-хабар медиҳад РИА Новости.
Ғайр аз ин, дар тағйироту илова тартибу қоидаҳои истифода аз қувваи ҷисмонӣ, аслиҳа, техникаи махсус аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ зимни пайдошавии хатари воқеъии содир шудани амали террористӣ муқаррар карда шудааст.
Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки ҳамаи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда пеш аз ҳама ба ҳимояи ҳаёту солимии аҳолӣ, таъмину сулҳу субот дар кишвар ва ҳамчунин сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ равона гардидаанд. Ӯ илова кард, ки дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои зарар ба манзил ва амвол ҳангоми баргузор намудани амалиёти зиддитеррористӣ, аз ҷониби ҳукумат барои шаҳрвандони ҷуброни он пешбинӣ шудааст.