ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik.Содироти семент аз Тоҷикистон дар семоҳаи гузашта дар соли 2016 — 162 000 тоннаро ташкил дод. Маҳсулот ба Афғонистон (96 ҳзр. тон), Қирғизистон (30 ҳзр. тон) ва Ӯзбакистон(35 ҳзр. тон) фурӯхта мешавад.
Пештар Тоҷикистон ин намуди маҳсулоташро танҳо ба Афғонистон ва Қирғизистон содир мекард.
Қисми зиёди содироти семент ба Афғонистон рост меояд.
Дар соли 2016 дар кишвар қариб 1508 млн тонна семент истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин вақти соли гузашта ба 408 ҳзр. тонна зиёд мебошад.
Ба Русия 65 ҳзр. тонна сементи тоҷикӣ фиристода шудааст.