Садамаи нақлиётӣ мунҷар ба марги зани 56 сола шуд

© Sputnik / Александр Нестеров / Гузариш ба медиабонкСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа садамаи нақлиётӣ рух дод, ки ждар пайи он зани 56 сола ҳалок гардида, дигар мусофирон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд.

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Санаи 16-уми октябри соли равон ронандаи 25-солаи сокини шаҳри Сарбанд, зимни ҳаракат аз ноҳияит данғара ба шаҳри Қурғонтеппа ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД-и ҶТ.

Тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" марди 25-солаи сокини шаҳри Сарбанд, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар, аз  уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии баландиаш 40-метр афтид.

"Дар натиҷа, мусофири автомашина зани 56-солаи сокини шаҳри Сарбанд бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, дар беморхона ба ҳалокат расид",-омадааст дар иттилоия.

Манбаъ меафзояд, ки мусофирони дигари автомашина писарбачаи 6-солаи сокини шаҳри Сарбанд ва зани 25-солаи сокини ноҳияи Вахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0