ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Амалиёти озод намудани шаҳри Мосули Ироқ аз ҷангиёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"(ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) метавонад якчанд ҳафта давом ёбад, гуфт сарфармондеҳи қувваҳои муттаҳиди эътилофи байналмиллалӣ зидди ДИ, бо роҳбарии ИМА генерал-лейтенант Стивен Таунсенд.
"Ин амалиёт- озод намудани яке аз шаҳрҳои калонтарини Ироқ, шояд якчанд ҳафтаҳо ва аз он ҳам зиёдтар давом кунад",- мегӯяд Таунсенд.
Мосул аз ҷиҳати масоҳат дар Ироқ ҷойи дуввумро мегирад. Ин шаҳр аз соли 2014-ум инҷониб такягоҳи асосии ДИ ба шумор меравад. Ҳарбиёни Ироқ ва ёварони онҳо, аз ҷумла фронти халқӣ вақтҳои охир ба ҳуҷуми муҳим тайёрӣ дида истодаанд. Бегоҳии якшанбе сарвазири Ироқ Ҳайдар Алободӣ дар бораи саршавии амалиёти ҳарбӣ зидди ҷангиёни ДИ дар Мосул эълон намуд.
"Муҳориба метавонад дарозмуддат ва тезу тунд суръат гирад, аммо сокинони Ироқ ба он хело хуб тайёрӣ дидааанд ва мо онҳро дастгирӣ хоҳем кард"- илова намуд Таундсен. Вай қайд намуд, ки қувваҳои эътилофӣ зиёда аз 54 ҳзр. ҳарбиёнро дар Ироқ омода намудаанд.