Одам ба одам мерасад ё тақдири кӯдаке, ки шоҳиди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст

© SputnikВладимир Гуреев дар шабакаи Facebook
Владимир Гуреев  дар шабакаи  Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Собиқ низомии рус, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон адои хидмат мекарад, дар сомонаи иҷтимоии худ дар бораи духтари тоҷикистоние навишт. Ӯ бо варақ задани аксҳои пешини худ, ногаҳон аз кӯдаке ёдовар шуд, ки дар солҳои ҷанг бо вай дидор намудааст, ҳоло бошад тақдири духтарак барояш номуайян ва аҷиб аст.

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik, Анастасия Лебедева. Владимир Гуреев — рӯзноманигори рус дар вақти азназаргузаронии аксҳои пешини худ духтарчаеро ба ёд овард, ки ҳангоми адои хидмат дар Тоҷикистон, дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ бо ӯ ногаҳон во хӯрда буд ва бо вай акс гирифта ба ӯ қанд дода буд. Номи духтар Оксана мебошад.

Пасон, он дар саҳифаи интернетии худ дар Facebook навишт, ки ин духтар ҳоло дар куҷо бошад. Ба қайди вай дар саҳифа қисми зиёди хонандагон бетараф намонданд.

Дар ҷустуҷӯ шаҳрвандони зиёде аз Тоҷикистон низ иштирок доштанд, ки Оксанаро мешинохтанд. Онҳо ҳамакаса тавонистанд, ки духтарчаро дар саҳифаҳои интернетӣ дарёфт кунанд, аммо натавонистанд бо вай сӯҳбат намоянд.

Пас аз гузаштани чаҳор моҳ духтар ба ҳар ҳол ҷавоб навиштааст, рӯзнаманигор ҳатто тавонистааст бо вай тариқи телефон сӯҳбат кунад.

Sputnik Тоҷикистон бо Гуреев сӯҳбат намуд ва дар бораи ёфт гардидани ин духтар аз вай пурсон шуд.

"Ман за сӯҳбат бо духтар хело хурсандам ва ӯ низ шод гардид",- нақл намуд ҳамсӯҳбат.

Маълум гардид, ки духтар чор моҳ дар сафар будааст, дар Абхазия қарор доштааст ва ба интернет дастрасӣ надоштааст.

"Вақте ки ӯ бар мегардад, дарҳол ба ман менависад. Дар ёд дорам, шаби 30-уми сентябр буд. Бо ӯ ба  воситаи шабака сӯҳбат кардем ва як рӯз пас вай ба ман занг зад", мегӯяд рӯзноманигор.

Оксана нақл кард, ки пас аз гузаштани як рӯз аз гирифтани он акс, онҳо бо оилаашон ба Душанбе омаданд. Баъдан ба Русия кӯч бастанд. Духтар дар Маскав мактабро хатм намуда, дар донишгоҳ ҳам таҳсил кардааст. Ҳоло бошад ба шавҳар баромада, худ соҳиби ду фарзанд мебошад.

"Оксана он рӯз, ҳатто гирифтани аксро ҳам дар хотир надорад. Он вақт вай танҳо 10-11 сола буд. Аммо вазъияти он вақтаи Тоҷикистон дар хотираш хело хуб мондааст: табиати зебо, ҳавои гарм, кӯдакӣ, хурсандӣ, дар як вақт хатар, ҷанг, танк- ин чизҳое мебошад, ки вай дар хотир дорад. Алабатта, ӯ худашро дар акс шинохт, аммо манро не",- нақл мекунад Владимир.

Гуреев хотиррасон намуд, ки мақсади вай дар умум дарёфти духтар набуд. Ҳамаааш якбора ва худ ба худ рӯй дод, мегӯяд вай.

"Ман ҳатто фикр намекардам, ки ин кор мумкин аст. Ман танҳо дар фикри он будам, ки аҳволи кӯдаконе, ки он замон дар байни ҷанги шаҳрвандӣ монда буданд, ҳоло чӣ шуда бошад. Чӣ аҳвол дошта бошанд, дар куҷо бошанд?! Дар саҳифаам ман бо ин мақсад аксро гузоштам, вале ҳама якбора ба кофтуков сар карданд",- қайд кард ӯ.

Маълум шуд, ки чор моҳ пеш касе ба Оксана гуфтааст, ки ӯро мекобанд.

"Аммо духтар ба он аҳамият надодааст, ба фикрам ба вай нафаҳмониданд, ки барои чӣ ӯро мекобанд. Вай ҳақиқати гапро нафиҳмидааст. Худаш ҳам мегӯяд: Ман ба ин аҳамияти ҷиддӣ надодам, зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯъҳои гуногун пайдо мешаванд",- мегӯяд Гуреев.

Дар бораи он, ки шахси ношиносе вайро тариқи як акс мекобад, ӯро ҳам хурсанд кард ва ҳам ҳайрон намуд.

Духтар журналистро ба меҳмонӣ ба Маскав даъват намудааст, аммо вай ҳоло мақсади сафар надорад.

"Ман дар ҳазорҳо километр дурӣ аз вай зиндагӣ мекунам. Ин ҷо ман ҳаёти худамро дорам, оила ва кор дорам.Агар ба Маскав рафтам, ҳатман ба Оксана занг мезанам. Акнун рақамҳои телефони ҳамдигарро дорем ва метавонем сӯҳбат кунем. Аз ҳама муҳимаш он, ки ӯ зинда ва саломат аст ва қурбони ҷанг нагаштааст ва ман дар ин бора бо гузашти 20 сол хабардор гаштам",- мегӯяд бо табассум Владимир Гуреев.

Рӯзноманигор дар охир ба ҳамаи нафароне, ки дар кофтукови як духтар, дар муайян намудани тақдири як кӯдаки ҷангдида иштирок намуданд, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Лентаи хабарҳо
0