ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik.Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба бозии футбол моҳи октябр то 6 зина боло шуда, дар ҷадвали мунтахабҳои беҳрани дунё ҷойи 138-умро мегирад.
Санаи 20-уми октябр натиҷаҳои нави мунтахаб дар ҷадвал мувофиқи бозиҳои гуногуни он бо дастаҳо маълум меавад, ҳоло бошад даста дар мавқеи 144-ум қарор дорад.
Мувофиқи маълумотҳои football-rankings.info, моҳи октябр мунтахаби тоҷик ба шаш зина боло меравад ва ҷойи 138-умро мегирад.
"Бояд қайд кард, ки нишондодҳои беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги(ҷанвал) мунтахабҳои миллии ҷаҳон, соли 1993 дар ФИФА қайд гардид. Баҳори соли 2013 даста ҷийи 113-умри гирифтааст. Нишондоди пасттарин соли 2002-ум ба қайд гирифта шуд, ки мунтахаб ҷойи 168-умро байни 207 даста ба даст овард. Дар натиҷаи рейтинги ҳармоҳа, нишондоди пасттарини мунтахаб, як сол пас, яъне дар соли 2003- ҷойи 180-ум қайд гирифта шуд."
Дар ҳамин ҳол, мунтахаби Русия бори аввал дар таърих дар ҷадвали ФИФИ аз мавқеи 50-ум поён фаромад. Дар ҷадвали пештара мунтахаби Русия дар ФИФА ҷойи 38-умро гирифтааст. Нишондодҳои пасттарини мунтахаб дар солҳои 1998 — мақоми 40-ум мебошад.