Ин чӣ шӯрест: писар падари хешро ба қатл расонид

CC BY 2.0 / DieselDemon / Knife OuttakeКорд. Акс аз бойгонӣ
Корд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавон бо ҷурми муноқиша бо падари 53-солааш, бо корди дар дасташ буда шаш маротиба ба узвҳои мард корд мезанад.

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik.Сокини  28-солаи ноҳияи Шаҳритус бо падари хеш муноқиша намуда, ба вай шаш маротиба корд задааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД ҶТ.

"Санаи 09.10.с.2016, тахминан соати 19:30-дақиқа сокини ноҳияи Шаҳритус дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо падарандари 53-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 6-маротиба ба узвҳои бадани охирон задааст"- менависад манбаъ.

Додгоҳ сокини Шаҳритусро, ки аз ҷиҳоди Сурия худдорӣ кард, озод сохт

Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони мазкур ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор рӯзи 13-уми октябр аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, омадааст дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0