ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хоруғ дар пайи амалиёти ҷустуҷӯӣ, сокини шаҳри Хоруғ Боймамадовро бо ҷурми қатли сокини 33-солаи ҳамин шаҳр Фирӯз Одинашоев дастгир намудаанд, хабар медиҳад ВКД-и ҶТ.
Гуфта мешавад, ки Фирӯз Одинашоев дар пайи задухурд миёни ду гурӯҳи ҷавонон дар шаҳри Хоруғ, рӯзи 9-октябр ба қатл расонида шудааст.
Ба гуфти як сокини маркази маъмурии ВМКБ-и шаҳри Хоруғ, Фирузро дар ҳавлии худаш тир задаанд.
Бино ба иттилои манбаъ муноқиша бар заминаи пули пасандоз ба амал омадааст.
"Чизе байни онҳо тақсим нокарда монд,-мегӯяд мусоҳиб. Чӣ буданаш аниқ маълум нест, вале боиси зудухурд миёни ду гурӯҳ шудааст".
Дар натиҷаи муноқишаи ба амал омада, шахсе, ки тамоман ба ҷанҷол рабте надошт ба ҳалокат расид.
"Ӯ дар ҳавлии хонааш қарор дошт. Ва бе гуноҳ тир хурд",-гуфт сокини шаҳри Хоруғ.