ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар Душанбе намоиши консертӣ бо иштироки мусиқачиёни ИМА ва санъаткорони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.
Баргузории консерт санаи 17-уми октябр дар бинои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар назар аст.
Лоиҳаи "Бо ҳам менавозем: Ҷашнгирии ҳамкориҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ" ба 25-умин солгарди истиқлолияти мамлакатҳои минтақа бахшида мешавад",-хабар медиҳад Маркази фарҳангии "Бактрия".
Ба пойтахти Тоҷикистон ҳунармандони ИМА ва навозандагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла мусиқачиёни ансамбли "Омнибус"-и Узбакистон барои намош додани консерти ҳунарӣ меоянд.
Тоҷикистонро дар ин сафари ҳунарӣ Хушбахт Ниёзов ва боз се нафари дигар намояндагӣ мекунанд.
Дар тӯли 10 рӯз ҳунармандон барои ҳаводорони санъат мастер классҳо пешниҳод мекунанд.
"Консерт бо мақсади нишон додани гуногунии фарҳанг ва ҳамоҳангию ҳамрангии санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ташаккули муносибатҳои байни ин кишварҳо гузаронида мешавад. Иштирокчиёни лоиҳа бо момехта намудани сабкҳои гуногуни мусиқӣ, ки нишондиҳандаи анъанаҳои бойи миллии классикӣ ва замонавии ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, оҳангҳои нав месозанд",-гуфта мешавад дар хабарнома.
То имрӯз ҳунармандон дар пойтахти Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон консертҳои ҳунарӣ пешкаш кардаанд. Баъди намоши дар Тоҷикистон санъаткорон ба Узбакистони роҳсипор мешаванд.