Маркази фарҳангии "Бактрия" санаи 14-уми декабри соли 2001 аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии Фаронса оид ба ёрии гуманитарӣ ва рушд- ACTED (Agency for Technical Cooperation and Development) ба фаъолияти худ шурӯъ кардааст. Ифтитоҳи маркази фарҳангӣ дар рушди фарҳанги Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.
Дар саҳнаҳои марказ мунтазам намоишгоҳҳои аккосони тоҷик, рассомон, чорабиниҳои мусиқӣ дар жанрҳои гуногун, шеърхонӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин дар "Бактрия" курсҳои омӯзиши забонҳо ташкил карда шудааст, ки дар он ҳар як хоҳишманд метавонад забонҳои англисӣ, фаронсузӣ ва олмониро аз худ кунад.

1/9
© Sputnik / Амир Исаев
Иштирокчии консерт Фархунда Олимӣ(фортепиано)

2/9
© Sputnik / Амир Исаев
Тамошобинони баромадҳои мусиқичиёни ҷавон ва боистеъдодро ба завқ тамошо мекунанд

3/9
© Sputnik / Амир Исаев
Меҳмони намоишгоҳи аксҳо эҷодиёти аккос Иля Лазаровро аз назар мегузаронад

4/9
© Sputnik / Амир Исаев
Аккосон Шаҳром Авезов (аз рост)ва Ҷамшед Холиқов(аз чап)

5/9
© Sputnik / Амир Исаев
Идибек Тошев бо асбоби мусиқии миллии рубоб

6/9
© Sputnik / Амир Исаев
Дар саҳна Олга Остроухова ва Шаҳриёр Ҳабибов

7/9
© Sputnik / Амир Исаев
Консерт ва намоиши аксҳо дар маркази фарҳангии "Бактрия" дар Душанбе

8/9
© Sputnik / Амир Исаев
Супоридани мукофотпулӣ ба Идибек Тошев барои иштирок дар озмуни мусиқавӣ дар Тошканд. Дар расм аз тарафи рост: шоира, нависанда ва рӯзноманигор Амалхонум Ҳоҷиева

9/9
© Sputnik / Амир Исаев
Ҳафтаи фарҳанги аврупоӣ дар Душанбе аз санаҳои 10-ум то 16-ум баргузор мешавад ва чорабиниҳои гуногунро ба монанди консерт, фестивали филм,омӯзишҳо, лексия ва балет дар бар мегирад