Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои ФР мубориза бо терроризмро муҳокима карданд

Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ қайд кард, ки Тоҷикистн барои рушди муносибатҳои дуҷониба диққати махсус зоҳир менамояд.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мубориза зидди терроризмро муҳокима карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Валентина Матвиенко назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Матвиенко дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Вохӯрии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Валентина Матвиенко дар Душанбе сурат гирифта, ҳайати ФР ба он ҷо барои иштирок дар "Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ" омаданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Русия  ва Тоҷикистон шарикони воқеии  стратегӣ буда дар Тоҷикистон ба рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ бо Федератсияи Русия аҳамияти зарурӣ дода мешавад.

"Ҳамчунин  дар мулоқот доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон,таҳкими иқтидори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва мубориза бар зиди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм табодули афкор сурат гирифт",-омадааст дар иттилоия.

Дар баробари ин зимни мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону  Русия, рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, беҳтаргардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷалби бештари доираи сармоягузорону соҳибкорони Русия ба истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданоки таббии Тоҷикистон табодули афкори судманд доир гардид.

Лентаи хабарҳо
0