Дар Тоҷикистон тамрини мудофиаи шаҳрвандӣ мекунанд

© Sputnik / Сергей Кривошеев / Гузариш ба медиабонкТамрини мудофиаи шаҳрвандӣ. Акс аз бойгонӣ
Тамрини мудофиаи шаҳрвандӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чорабинӣ ба мақсади пешгири амудани хатарҳои офатҳои табиӣ мунтазам дар тамаоми минтақаҳои Тоҷикистон шуда мегузарад.

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон машқҳои саҳроӣ оид ба мудофиаи шаҳрванди сар шуданд, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Ҳавои ғуборолуди Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боришот дар Тоҷикистон то 2 октябр идома меёбад

"Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи шаҳвандӣ ва ҳолатҳои фавқуллода, низоми ягонаи огоҳсозӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд",- сардори хадамоти матбуот Умеда Юсупова.

Тамринҳои саҳроӣ аз санаҳои 11-ум то 15-уми октябр мувофиқи нақшаи чорабинӣ оид ба мудофиаи шаҳрванди дар соли 2016 гузаронида мешавад. Чунин чорабиниҳо ба мақсади пешгирӣ намудани хатарҳои офатҳои табиӣ, мунтазам дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0