ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.Роҳбарии Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бо сафари корӣ ба Душанбе меояд.
Манбаъ дар Шӯрои Федератсия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки сиёсатшиноси рус пагоҳ, санаи 12-уми октябр ба Тоҷикистон мерасад.
Роҳбари Шӯро дар форуми байналмиллалии панҷуми "Русия-Тоҷикистон: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ" ширкат меварзад.
Интизор меравад, ки дар чорчӯбаи сафари дурӯза Валентина Матвиенка бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев вохӯрӣ баргузор мекунад.
Пештар роҳбари Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко зидди ҷорӣ намудани низоми раводид, байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки пас аз ҳодисаи қабристони Хованский як қатор коршинос ва сиёсатшинос ин мавзӯъро боло намуданд, баромад намудааст.