ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Мусалмонони тамоми ҷаҳон Рӯзи Ошуроро ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз сунниҳо ҳамаи пайғамбарони Худовандро ба ёд меоранд.
"Ин рӯз файзи худро дорад. Зеро дар ин рӯз Худованд ҳамаи пайғамбарони худро бо аломатҳои махсус гиромӣ доштааст. Дар ин рӯз тавбаи падарамон — Одам қабул гардидааст. Пайғамбари гиромиқадри мо Мӯсо, ки бо Худованд сӯҳбат намудааст аз Фиръавн ва нерӯҳои вай наҷот дода шудааст. Дар ҳамин рӯз, тибқи қиссаҳо, пайғамбар Исо ба осмон бароварда шуд, ки то ҳол дар он ҷо мондааст ва мо бозгашти ӯро интизорем",- нақл кард дар сӯҳбат бо РИА Новости рӯҳонии машҳури Русия Фарид Салмон.
Дар ин рӯз мувофиқи таълимоти ислом, бояд корҳои шоиста анҷом дод. Мусалмонон, чуноне ки Салмон мегӯяд, дар ин рӯз ва ё рӯзи дигар рӯза мегиранд.
"Дар ин рӯз рӯза гирифтан, гуноҳҳои ду соларо омурзиш кардан аст- гузашта ва ояндаро(мувофиқи тақвими мусалмонӣ соли 1438-ум аз санаи 2-уми октябр сар мешавад)",- қайд кард рӯҳонӣ.
Дар Рӯзи Ошуро мӯъминон, ба гуфтаи ӯ, Худоро ҳамду сано мекунанд ва амалҳои ӯро ба ёд меоваранд.