Дар шаҳри Кӯлоб аз фалаки даштии роғӣ ёд карданд

© Sputnik / Амир ИсаевРақси зебои занона. Акс аз бойгонӣ
Рақси зебои занона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамасола санаи 10-уми октябр бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил карда мешавад. Дар шаҳри Кӯлоб аз ин рӯз таҷлил карданд.

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Санаи 10-уми октябр дар дар театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо иштироки доираи васеи зиёиён ва беҳтарин фалаксароён маҳфили идона баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Қайд мегардад, ки эълон доштани 10 октябр чун Рӯзи фалак- арҷгузорӣ ба таърих ва эҳёи ин санъати таърихӣ мебошад.

"Ҳунармандони ҷавон ва хушсалиқа дар пайравӣ ба мактаби бузургони фалаксаро- Одина Ҳошим, Ҳотам Юнус, Қодир Шокир, Давлатманди Хол, Гулчеҳраи Содиқ, Сурайёи Қосим ва дигарон аз баландтарин саҳнаҳои ҳунарӣ ин жанри қадимиро густариш медиҳанд",-омадааст дар хабарнома.

Дар охир ҳунармандон бо иҷрои таронаҳои дилнишин аз фалаки даштии роғӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Ҳамасола 10 октябр бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи фалак- жанри маъмулу таърихӣ таҷлил карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0