ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар натиҷаи муноқиша бо истифода аз силоҳи оташфишон дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ сокини 33-солаи шаҳр кушта шуд.
Яке аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард дар мусоҳиба бо Sputnik дар бораи муноқиша нақл кард.
Тири гумроҳ
Бино ба иттилои манбаъ муноқиша бар заминаи пули пасандоз ба амал омадааст.
"Чизе байни онҳо тақсим нокарда монд,-мегӯяд мусоҳиб. Чи буданаш аниқ маълум нест, вале дар пайи он муноқиша бархост".
Дар натиҷаи муноқишаи ба амал омада, шахсе, ки тамоман ба ҷанҷол рабте надошт ба ҳалокат расид.
"Ӯ дар манзилаш буд,-гуфт манбаъ. Дар ҳавлии хонааш қарор дошт. Ва бе гуноҳ тир хурд".
Манбаи силоҳ-он сӯи дарё
Ба ин нигоҳ накарда ба гуфти мусоҳиб Хоруғро шаҳри хатарнок ҳисобидан хато аст.
"Шаҳр хурд аст, аҳолиаш низ наонқадар зиёд. Ва чунин ҳодисаҳо даррав байни мардум паҳн шуда, ҳангома мешаванд. Вале чунин ҳодисаҳо каманд".
Муноқишаи охирон бо истифодаи силоҳ дар шаҳр ду сол қабл ба вуқӯъ пайваст, замоне, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ қисми калони маводи нашъадорро дарёфтанд.
Вале дар чунин шаҳраки хурд, силоҳ ҳам ёфт мешавад. Чуноне маълум шуд, яке аз тарафҳои ҷанҷолкунанда аз таппончаи Макаров истифода кардааст. Эҳтимолан манбаи силоҳ Афғонистон бошад-он сӯи дарё.
Дар ҳоли ҳозир чуноне манбаъ меафзояд, вазъият дар шаҳр ором аст. Зиндагӣ бо маҷрои худ идома дорад. Ягон ҳодисаи шубҳанок ба назар намерасад.