Консерти барди машҳури Тоҷикистон-Саши Заифӣ дар Маскав

Обуна шудан
Аввалин бор дар шаҳри Маскав консерти барди машҳури тоҷик-Саши Заифӣ баргузор гардид. Саши Заифӣ сурудҳои навэҷоди худро пешкаши мухлисонаш гардонид.

Рӯзҳои истироҳат дар шаҳри маскав дар толори консертии "МИСИС" консерти Саши Заифӣ баргузор гардид, ки тамоми ҳаводорони санъати асилро ба ҳам овард.

Дар баробари садо додани мусиқӣ ва сурудҳои дилнавоз тамошобинон аз ҷойҳои худ бархоста, сарояндаи дӯстдоштаи худро дастгирӣ мекарданд.
Махсусан ҳангоми садо додани суруди "Узум живҷ то эй Ватан" (Ман туро дӯст медорам,эй Ватан) ҳамаи тамошобинон аз ҷой бархоста бо Саши Заифӣ ҳамовоз шуданд ва то ба итмом расидани суруд овозхонӣ карданд Чунин менамуд, ки ин на танҳо як консерти оддӣ, балки ҷашни бузурги дилҳост.

Лентаи хабарҳо
0