ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik.Сафорати ИМА дар Қирғизистон шаҳрвандони худро дар бораи хатарҳои амалҳои террористӣ зидди ҳукумати кишвар ва намояндаҳои дипломатии хориҷӣ хабардор намуд, ки он метавонад бо одамрабоӣ ва гаравгирии одамон марбут бошад, маневисад дар сомонаи расмии хад сафорати ИМА.
Сафоратхона аз шаҳрвандони худ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ба ҷануби Қирғизистон- вилоятҳои ОШ, Баткент, Ҷалолобод сафар намудан махсусан боэҳтиёт бошанд.
"Сарҳадҳои Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон метавонад бе огоҳии пешакӣ баста шавад. Вақтҳои охир дар он ҷо якчанд ҳодисаҳои ба амнияти сокинон хатаровар ба вуқӯъ пайвастааст", — хабар медиҳад сафорат.
Намояндаи дипломатӣ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки доимо ҳамроҳашон шиноснома дошта бошанд ва пеш аз сафар ба Қирғизистон суғуртаи тиббӣ ташкил кунанд.
Санаи 30-уми август террористи марговар дарвозаи сафорати Чинро шикиста ба дохили бинои сафорат ворид мешавад ва таҷҳизости худсохти таркандаро ба кор меандозад, ки он дар дохили автомашина насб карда шуда буд. Дар натиҷаи таркиш се нафар кормандони хидматии сафоратхона ҷароҳат бардошта, намояндагони дипломатӣ зарар намебинанд ва худи террористи марговар бошад дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Аз ин ҳодиса ба бино ва иншооти сафорат зарари ҷиддӣ расид.