Танҳо як бор: муҳоҷиронро дар Русия барои гуноҳи аввал мебахшанд

Обуна шудан
Муовини вазири вазорати корҳои дохилии Федератсияи русия Игор Зубов дар бораи эҳтимоли содда гардидани қавонини муҳоҷирати меҳнатӣ иҳзор дошт

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ба гуфти намояндаи ВКД Федератсия Русия баъзе аз давлатҳо хоҳиши содда гардонидани қавонини муҳоҷиратҳро карда, мехоҳанд, ки зимни бори аввал вайрон кардани қонун, муҳоҷирро аз кишвар пеш накунанд.

Дар Думаи давлатии ФР аз рӯи лоиҳаи қонун оиди пеш накардани муҳоҷирон дар сурати бори аввал вайрон кардани қонуни муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия дар давоми як сол кор рафта истодааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Аждар Куртов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бастани сарҳад бо ОМ-роҳ ба сӯи муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст

Мувофиқи лоиҳаи қонун, танҳо дар сурати дубора вайрон намудани қонуни буду бош дар ФР муҳоҷир аз қаламрави ин кишвар пеш карда мешавад. Ба қавли Зубов қаблан ин навъи содагардонии қонун талаботи конститутсионӣ буд.

Ба гуфти ӯ агар лоиҳаи қонуни мазкур қабул гардад, додгоҳҳои шаҳри Маскав, Санкт-Петербург ва вилоятҳои Маскаву Ленинград, дар сурати бори аввал вайрон кардани қонун, муҳоҷир аз дохили кишвар пеш карда нахоҳад шуд.

Агар пеш кардани муҳоҷир аз қаламрави Русия аз ҷониби додгоҳҳои ФР чун ҷазои сахт дониста шавад, муҳоҷир ба қадри аз 5 то 7 ҳазор рубли русӣ ҷарима карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0