Дар Хуҷанд ғолибони Фестивали Оши палав интихоб гардиданд

© SputnikФестивали "Оши палав" дар шаҳри Душанбе
Фестивали Оши палав дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилояти Суғд Фестивали “Оши палав” баргузор шуд, ки дар он меҳмонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикситон, ташкилотҳои байналмиллалӣ, олимону зиёиён, хабарнигорон ва теъдоди зиёди сокинон иштирок доштанд

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik.Ошпазони вилояти Суғдро раиси вилоят ва адибону фаъолони минтақаъ пешвоз гирифтанд. Барои иштирокчиён — ошпазҳои беҳтарин диплому мукофотпулиҳо тақдим шуд.

"Ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали "Оши палав" аз рӯи бахшҳои "Оши палави беҳтарин" — 5000 сомонӣ (ғолиби бахш Хайём Бобомуродов аз Панҷакент), "Ошпази касбии беҳтарин" — 3 000 сомонӣ (ғолиби бахш Раҳимов Мирзобарот аз Хуҷанд), "Ошпази беҳтарин байни муйсафедон" — 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Холиқов Зикриё аз Исфара), диплому мукофотпулиҳо супорида шуд",- хабар медиҳад хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали Оши палави Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Қӯрғонтеппа аз фестивали “Оши палави Хатлон” дидан намуд

Дар Маҷмаа дастурхони идона ороста шуд ва беш аз 4000 нафар сокинон ва иштирокдорони зиёди фестивал ба таври ройгон аз Оши палави омодакардаи ошпазҳои моҳири шаҳру ноҳияҳои вилоят тановул намуданд, менависад манбаъ.

Фестивали "Оши палав" соли дуюм аст, ки дар вилояти Суғд баргузор мешавад.

Оши палов ё худ палав — таоми миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, он аз қадимулайём хӯроки дӯстдоштаи мардуми тоҷик мебошад. Имрўз дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд чанд намуди паловпазӣ маълум аст.

Лентаи хабарҳо
0