Бонки “Эсхата”: далели гум шудани маблағ дар фурудгоҳи Домодедово асос надорад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкФурудгоҳи байналмиллалии "Домодедово"
Фурудгоҳи байналмиллалии Домодедово - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳодисаи гум шудани пул дар фурудгоҳи Домодедово асос надорад. Хабари мазкурро намояндаи бонки “Эсхата” изҳор намуд

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik.Рӯзи гузашта хабари гум шудани маблағи калон дар фурудгоҳи Домодедова ҳангомаи зиёдро ба амал овард. Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маълумотҳои ВАО аз Бонки "Эсхата" ба бонки "Новиком"- и Русия 200 млн. рубл интиқол гардидааст.

Интиқоли қимматнок мувофиқи қоидаҳо ба расмият дароварда шуда буд ва он аз тарафи хадамоти инкасатории бонк иҷро мегашт.

Аммо ҳангоми расидани хатсайр ба Маскав маълум гардид, ки маблағи интиқолгардида камтар шудааст.

Дар умум 2 кг. пул гум шуд. 144 кг маблағи пулӣ ҳангоми вазн кашидан- 142 килограммро ташкил дод.

Дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон намояндаи бонки "Эсхата" ин хабарро инкор намуд.

Дар он гуфта мешавад, ки мувофиқи маълумотҳои расмӣ, ки дар натиҷаи тафтишотҳо ба даст оварда шудааст, хабари гум шудани пул асос надорад ва он тасдиқ намегардад.

"Ҳамин тавр ба бонки "Эсхата" зарари моддӣ нарасидааст. Хабарҳои  ВАО беасос ва бедалел буданд",- омадааст дар хабари ташкилоти молиявӣ.

Ба наздикӣ мақомоти тафтишотӣ оиди гум гаштани маблағ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Дар бонки "Новиком" низ ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон инкор карданд.

 

Лентаи хабарҳо
0