ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik.Намояндаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон Ҷеф Руденур бори аввар таоми миллии тоҷикӣ- қурутоб хӯрдааст, ки он яке аз таомҳои машҳуртарин ва қадимтраини тоҷикона ба ҳисоб меравад.
Руденур аз сокинони маҳаллӣ пурсон мешавад, ки дар куҷои Душанбе метавон аз ҳама қурутоби болаззатро дарёфт намуд.
Дар саҳифаи расмии Facebook сабти наворе гузошта шудааст, ки Руденур чӣ гуна аз ин намуди хӯрок истеъмол мекунад.
Бояд қайд кард, ки хӯроки асосии тоҷикона оши палав ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр яке аз истифодабарандагони шабакаи иҷтимоӣ ба намояндаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон таклиф намудааст, ки аз оши палав ҳам чашида бинад.
Дигарон иқдоми Руденурро хуш пазирифта гуфтанд, ки қурутоб хӯроки балаззаттарини тоҷикона ба ҳисоб меравад.
Қурутоб- яке аз хӯрокҳои машҳур ва қадимии тоҷикона мебошад. Тарзи тайёр намудани он хело осон аст.