Қаллоб дастгир шуд: кормандони бонк дар Маскав шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд

© Sputnik / Андрей Архипов / Гузариш ба медиабонкПайгирии ҷинояткорон. Акс аз бойгонӣ
Пайгирии ҷинояткорон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаллоб ба шӯъбаи бонк дохил шуд ва ба воситаи таҳдид бо таппонча талаб намуд, ки ба вай маблағҳои хазинаро бароварда диҳанд. Мувофиқи ахбори ВАО роҳзан шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон мебошад.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik.  Кормандони бонки Сбербанк қаллоби мусаллаҳ бо таппончаро дастгир намуданд ва ӯро ба дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ супориданд, хабар медиҳад телеканал "360".

"Ба идораи пулис аз номи роҳбари ташкилоти қарзию-молӣ хабар расид, ки дар яке аз шӯъбаҳои ташкилоти қарзӣ, ки дар кӯчаи Перовский, хонаи 8 ҷойгир аст,  ба марди соли таваллудаш 1988 ҳуҷум оварданд",- хабар доданд ба шабакаи телевезионии "360" аз хадамоти матбуоти роҳбарияти полиси пойтахт.

Қайд карда мешавад, ки роҳзан ба шӯъбаи бонк дар ҳоле ворид гашт, ки кормандон кори худро тамом намуда истода буданд. Вай бо таҳдид ба воситаи таппонча  ба онҳо фармон дод, ки 500 ҳзр рубл ба ӯ бароварда диҳанд. Баъд аз он ки роҳзан ҳушёриро аз даст дод, ба вай корманди 27-солаи бонк ҳуҷум овард. Ба корманди 27-сола тамоми кормандон кӯмак расониданд. Дар ҳамин ҳолат кормандони полис  расида омаданд.

Мувофиқи маълумотҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, марди қаллоб дар яке аз хобгоҳҳои пойтахт зиндагӣ карда, ҷойи кори доимӣ надоштааст. Ӯ дар сохтмонҳои Маскав муваққатан кор мекардааст.

Мувофиқи баъзе маълумотҳои ВАО қаллоби 28-сола шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Нисбати ин ҷиноят бо  далели роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0