Путин ба воситаи сӯҳбати телефонӣ Раҳмонро бо рӯзи мавлуд муборакбод намуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Русия Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ
Президенти Русия Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар президенти Русия Владимир Путин ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати рузи мавлудаш барқияи муборакбодӣ ирсол намуда буд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik.Президенти Русия Владимир Путин дар рафти сӯҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ҷашни мавлуд муборакбод намуд,  хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.

"Президенти Федеретсияи Русия В,В. Путин дар рафти сӯҳбати телефонӣ бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯро самимона бо рӯзи мавлудаш муборакбод намуд",- омадааст дар хабар.

Қайд карда мешавад, ки пештар президенти Русия ба Раҳмон барқияи табрикотӣ равон карда буд.

"Шуморо ба муносибати Рӯзи мавлудатон самимона муборакбод мекунам.  Дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи хеш дар вазифаи президентӣ Шумо дар доираи ҳамватанон ва хориҷиён обрӯй ва эътибори хешро пайдо намудед. Бо роҳбарии Шумо халқи Тоҷикистон ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардид. Мушкилиҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҳал гардидианд ва дар кишвар сулҳ ва ваҳдат пойдор шуд",- омадааст дар барқияи табрикотӣ, ки дар сомонаи Кремл ба интишор расид.

Президенти Русия қайд кард, ки тамоми хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмонро дар густариши муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судманд дар доираи ИДМ ва СААД номбар кардан мушкил аст. Путин ҳамчунин баён намуд, ки вай дар давом додани ҳамкориҳои судманди дуҷониба тайёр мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон санаи 5-уми октябри соли 1952 таваллуд шудааст. Ӯ аз 16-уми ноябри соли 1994 инҷониб президенти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0