Аслов: бояд роҳҳои бехатарии долони нақлиётро дар Афғонистон таъмин кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкВазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловю Акс аз бойгонӣ
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловю Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бораи зарурати таъмин намудани бехатарии долони нақлиёт дар Афғонистон вазири корҳои хориҷӣ ҶТ Сироҷиддин Аслов дар Брюсел дар арафаи конфронси байналмиллалӣ оид ба Афғонистон изҳор намуд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бояд дар таъмин намудани бехатарии долони нақриёт дар Афғонистон чораҳо андешида шавад, гуфт вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Тоҷикистон.

Бинои ВУХ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов бо роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон мулоқот кард

"Дар ин ҷаласа атрофи нақши зерсохтор, транзит ва тиҷорати минтақавӣ дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва роҳҳои эҳёи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар сурат гирифт ",- омадааст дар хабар.

Сироҷидин Аслов дар суханронии хеш ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, аз ҷумла аҳамияти иҷрои тарҳҳои зерсохтории миллию минтақавиро, бахусус дар ҷодаҳои энержӣ, иртибототи нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таъсиси бозорҳои наздисарҳадиро таъкид намуд.

Сироҷиддин Аслова  таваҷҷуҳи ширкаткунандагони чорабинии мазкурро ба зарурати гирифтани иқдомҳои муассир барои таъмини амнияти долонҳои нақлиётӣ дар Афғонистон ва бартарафсозии монеаҳо дар самти тиҷорати байниминтақавӣ ва ҳамлу нақли транзитӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми Афғонистон ва шукуфоии иқтисодии минтақа аст, ҷалб кард.

Лентаи хабарҳо
0